Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба сафари Раҳмон ба Русия


Заминаҳои омодагии сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия дар ҳафтаи оянда дар мулоқоти вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ва муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Боздиди Раҳмонро аз Маскав чун як сафари давлатӣ арзёбӣ мекунанд, ки дар ҷараёни он қарор аст бо президенти Русия Дмитрий Медведев вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо баррасӣ шавад. Яке аз мавзӯъҳои меҳварии мавриди баррасии мулоқоти раҳбарони ду кишвар қимати иҷораи пойгоҳи низомии дивизияи 201-уми Русия дар хоки Тоҷикистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG