Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Бино ба гузоришҳо, як гурӯҳи афроди мусаллаҳ, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон онҳоро таъқиб мекарданд, субҳи панҷшанбе ба ноҳияи Ботканди Қирғизистон ворид шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, бо вуҷуди тирандозӣ ва муқовимат нишон додани марзбонони қирғиз ба ин афроди мусаллаҳ, ба ҳашт тани онҳо муяссар шудааст, ки вориди қаламрави Қирғизистон шаванд. Нерӯҳои амниятии ин кишвар ҳоло дар ҷустуҷӯи ин афроди мусаллаҳ будаанд. Манобеъи интизомии Тоҷикистон вуқӯъи ҳодисаи мазкурро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид карданд.
XS
SM
MD
LG