Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"'Times": Маблағ барои таъмини амният дар Афғонистон


Ҳукумати Италия иттилоъ дар бораи пардохти маблағ ба Толибон ба хотири кафолати амнияти низомиёни италиёвӣ дар Афғонистонро рад кард. Хабари пардохти маблағро нашрияи бритониёвии Тimes бо такя ба афсарони НАТО ва гуфтугӯҳои телефонии аз сӯи хадамоти кашфи Амрико сабтшуда нашр намуд. Ба иттилоъи рӯзнома, соли 2008 ум, баъди он ки низомиёни италиявӣ яке аз минтақҳои воқеъ дар шарқи Кобулро тарк намуда, ҳампаймонҳои худро аз таҳдиди хатар огаҳ накарданд, дар ин мавзеъ 10 сарбози фаронсавӣ кушта шуданд. Дафтари сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ гузориши “Тimes”-ро бепояву бунёд хондааст.
XS
SM
MD
LG