Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Кишинёв 20 танро маҷрӯҳ кард


Бино ба гузоришҳо, бар асари як инфиҷоре дар маркази шаҳри Кишинёв - пойтахти Молдова, бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Таркиш ҳангоми консерти шабонгоҳии рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайвастааст, ки бахше аз маросими идонаи бахшида ба Рӯзи Кишинёв будааст. Ҷароҳати аксарияти осебдидагонро сабук арзёбӣ мекунанд. Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, зоҳиран норинҷаке дар маҳалли консерт таркидааст ва мақомот ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтаанд.
XS
SM
MD
LG