Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди масъули Додситонии Кулл боздошт шуд


Бино ба иттилоъе, ки хабаргузории "Ховар" мунташир сохтааст, 28-ӯми сентябри соли 2009 дар натиҷаи як амалиёти вижа дар назди Додстонии Кулли Тоҷикистон Салимов Анвар-додситони бахши назорати Додситонии Кулл ҳангоми гирифтани 1 000 доллар ришва бодошт шудааст. "Муштарӣ" аз вай мехост, ки бар ивази ин ришва писарашро аз зиндон раҳо кунад. Парвандаи ҷиноӣ бар зидди ин корманди додситонӣ боз ва расидагӣ идома дорад. 15-ӯми октябр Ожонси назорати давлатӣ ва мубориза бо ришвахорӣ нишасти хабарӣ баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG