Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагии пулиси молӣ ба ширкати Алтини Қазоқистон


Пулиси молии Қазоқистон бозрасии идораҳо ва мағозаҳои ширкати ҷавоҳироти Алтинро оғоз кардааст. Мурат Жумабай-сухангӯи пулиси молӣ имрӯз дар Остона ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳамаи мағозаҳои ин ширкат бозрасӣ ва тафтиш мешаванд. Бино ба гуфтаи вай, ҳадс зада мешавад, ки ин ширкат ба қочоқи ҷавоҳирот даст задааст. Ширкати ҷавоҳироти Алтин соли 1990 ташкил шудааст ва дар Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Туркия ва Чину Имороти Муттаҳидаи Араб корхона ва мағозаҳои фурӯши ҷавоҳирот боз кардааст. Хадамоти Анияти Федеролии Русия ё ФСБ ҳафтаи гузашта расидагӣ ба мағозаҳои ин ширкатро оғоз карда буд ва то ҳол чанд нафар аз кормандони ширкат боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG