Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Тақаллуб дар интихоботи Афғонистон зиёд буд


Кай Эйде, раиси ҳайати СММ дар Афғонистон
Кай Эйде, раиси ҳайати СММ дар Афғонистон

Раиси ҳайати СММ дар Афғонистон эътироф кард, ки дар ҷараёни интихоботи президентии моҳи августи ин кишвар тақаллуби хеле зиёд ҷо доштааст.

Вале Кай Эйде зимни як нишасти матбуотӣ дар Кобул иттиҳомоти муовини аз вазифа рондашудаи худ Питер Голбрайтро шадидан рад кард, ки гуфта буд СММ ба ҳодисаҳои тақаллубу сохтакории натиҷаҳои интихобот ба хотири таъмини пирӯзии Ҳомиди Карзай чашм пӯшидааст.

Вале Кай Эйде дар мулоқоташ бо матбуот рӯзи якшанбе дар Кобул иттиҳомоти қаблан садододаро оид ба ин ки гӯё онҳо шаҳодати воқеии роҳ ёфтани тақаллубро ҳангоми раъйгирӣ бо талоши дубора сари қудрат овардани Ҳомиди Карзай нодида гирифтаанд, рад кард. Ин иттиҳомот аз забони муовини собиқи Эйде Питер Голбрайт садо дод, ки баъдан аз вазифаи баландаш дар намояндагии СММ дар Афғонистон барканор шуд.

Барои эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи гузаштаи Афғонистон ҳафтаҳои зиёд лозим шуд, чунки Комиссиюни баррасии шикоятҳои интихоботӣ, ки бо пуштибонии СММ амал мекунад, барои таҳқиқи шикояту иддаоҳои поймолшавии муқаррароти раъйгирӣ вақти бештар талаб кард. Талаби Голбрайт ин буд, ки ҳамаи овозҳо аз сари нав ҳисоб карда шавад.

Эйде зимни сӯҳбат бо хабарнигорон эътироф кард, ки ҳамаи ин ҷараёнҳо барои онҳову масъулини интихоботҳо осон набудааст. Вай гуфт, “ин як ҷараёни мушкил буд. Дар ин миён душвориҳои хеле зиёд, аз ҷумла марбут ба тақаллуби сартосарӣ, ки шумо ҳам медонед, мушоҳида шудааст. Вале дар ин муддат танҳо ин масъала мавриди таваҷҷӯҳи ман қарор дошт, чунки хеле муҳим аст, ки кишвар аз ин ҷараёнҳо убур мекард ва протсесси демократикунонии Афғонистон идома меёфт. Коре, ки ман кардам, бо пуштибонии пурраи ҷомеаи байнулмилалӣ вазифаҳои худро иҷро кардам”.

Дипломати норвежӣ Кай Эйде, ки дар канори сафирони ИМА, Бритониё ва Фаронса барои дифоъ аз худ дар муқобили иттиҳомоти муовини собиқаш Голбрайти амрикоӣ қарор дошт, афзуд, “иттиҳомоте, ки зидди ман аз ҷониби муовини собиқам садо дод, на фақат як ҳамлаи шахсӣ ба ман ва тамомияти ман буд, балки иттиҳомоте буд, ки дар асл тамоми ҷараёнҳои интихоботиро халалдор кард”.

Эйде гуфт, ки вусъати тақаллуби интихоботӣ ҳоло мушаххас шуда, мизони таъсири он ба натиҷаҳои интихоботи 20 август норӯшан боқӣ мемонад. Бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, Ҳомиди Карзай дар интихобот 55 дарсади раъйҳоро бурдааст, ки барои пирӯзиаш бар рақиби аслӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки 28 дарсади раъйҳоро бурдааст, кифоят мекунад.

Комиссиюни шикоятҳои Афғонистон ва ҳам Комиссиюни интихоботӣ ҳамоно машғули таҳқиқи мавридҳои тақаллуби натиҷаҳои раъйдиҳӣ ҳастанд, ки аз ҷонииби номзадҳои интихоботӣ ва ҳам нозирон садо додааст. Аксари иттиҳомот зидди тарафдорони Карзай будааст.

Дар миёни иддаоҳои дигар Голбрайт ифтитоҳи кори ҳавзаҳои раъйдиҳиро дар манотиқи ноамн интиқод карда буд, ки афзоиши мавридҳои тақаллубро бештар мекунад.

Рӯзи якшанбе зимни суханронии ҷудогона дар як нишасти матбуотии дигар дар Кобул Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки умедвор аст натиҷаҳои интихобот базудӣ эълон мешавад ва дар айни замон ишора кард, ки хориҷиҳову Ғарб ба ҷараёнҳои интихоботӣ дахолат мекунанду намегузоранд, ки кишвар ба пеш ҳаракат кунад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё натиҷаҳои расмии интихобот дар кадом фурсат эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG