Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ тақаллуб дар интихоботро эътироф кард


Кей Эйде-раҳбари намояндагии СММ дар Афғонистон имрӯз эътроф кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар "тақаллуби густарда" ҷой доштааст, вале вай аз додани тавзеҳоти бештар дар ин бора худдорӣ кард. Кей Эйде дар ин маврид ба идаои Петер Голбрайт-муовинаш посух медод, ки аз мақомаш барканор карда буд. Голбрайт-дипломати амрикоӣ гуфта буд, Эйде талош дорад мавориди тақаллубро пинҳон дорад. Имрӯз Эйде гуфт, талош барои додани ҷузъиёт дар бораи ин мушкил ба "қиморбозӣ" шабоҳат дорад. Ин тақаллубҳо ба нафъи Ҳомид Карзай анҷом шуда буд. То ҳол шумориши орои интихобот идома дорад.
XS
SM
MD
LG