Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИИ нерӯмандтар мегардад


Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки созмони низомии мустақил дар Эрон аст ва баъди рӯзҳои аввали инқилоби соли 1979 таъсис ёфт, назар ба гузашта қудрати бештареро ба даст мегирад.

Қаламрави вазифа ва масъулиятҳое, ки Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон дорад, шояд ҳеҷ нерӯи мусаллаҳи дигаре дар ҷаҳон надошта бошад.

Нерӯҳои бештар аз садҳазорнафарии сипоҳ на танҳо масъулияти ҳифзи амниятро дар Эрон доранд, балки иҷрокунандаи тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла, масъули иҷрои тарҳҳои роҳу садсозӣ, истихроҷи нафту газ ва даҳҳо тарҳи дигар мебошанд. Чанде пештар Сипоҳи посдорони инқилоб дар як музояда 51 дарсади саҳмияҳои ширкати мухобироти Эронро соҳиб шуд, ки онро муомилаи бесобиқае дар таърихи Эрон хондаанд. Ҳоло бисёриҳо дар Эрон нигаронанд, ки афзоиши қудрати Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки асосан дар хидмати ҳукумати исломии Эрон аст, барои амнияти ин кишвар хатар эҷод мекунад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ниҳоди ҷудо аз артиши Эрон аст, воҳидҳои нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ, баҳрӣ дорад ва ҳамчунин нерӯи тарсноки Басиҷ ва Қудс ба он тобеъ мебошанд. Сипоҳи посдорон, ки ҳоло мушакҳои кӯтоҳ ва миёнапарвозро дар ихтиёр дорад, замони ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ қад афрохт, зеро дар набардҳои хунинтарин ширкат карда, ва қурбониҳои зиёде ҳам додааст.

Ҳоло Сипоҳи посдорон дигар он нерӯҳои маъмулии пешина нест ва нақши ангуштони онро дар тамоми арсаҳои зиндагии мардуми Эрон мебинанд. Талоши Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ барои соҳиб шудан ба насибаҳои бештар аз иқтисоди Эрон, бисёриҳоро нигарон кардааст.

Ҷамшеди Асадӣ, иқтисоддони эронии муқими Фаронса, мегӯяд, фаъолиятҳои иқтисодии сипоҳ дар умури иқтисоди Эрон мухолиф ба Қонуни Асосии ин кишвар аст. Алӣ Киштгар, иқтисоддони дигари эронӣ, мегӯяд, Сипоҳи посдорони инқилоб, ки чанде пеш 51 дарсади саҳмияҳои ширкати мухобиротро дар ивази тақрибан 8 миллиард доллар аз они худ кард, нишон медиҳад, ки сипоҳ ба ҷойи стротежии дигаре дар Эрон даст андохтааст. Ӯ пайомадҳои амалкардҳои сипоҳро барои амнияти Эрон хатарнок медонад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ пас аз ҷанги Эрону Ироқ фаъолиятҳои иқтисодии худро афзоиш дода ва тарҳҳои азими чандмиллиардоллариро иҷро кардааст. Аз ҷумла, бунёди лӯлаи интиқоли газ дар устони Сиистон ва Балуҷистонро, ки барои иҷрои он тарҳ як миллиарду 300 миллион доллар ба даст овардааст. Дигар аз тарҳи азими иқтисодие, ки насиби Сипоҳи посдорони инқилоб шудааст, тарҳи истихроҷи газ аз як майдони азим дар Халиҷи Форс аст, ки ҳазинаи онро ҳудуди 3 миллиарду 200 миллион доллар медонанд. Вале, бо ин ҳама, бино ба гузоришҳо, ҳеҷ гузориши молие доир ба фаъолиятҳои иқтисодии сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нашр намешавад ва буҷаи он ҳам маҳрамона аст. Мақомоти Эрон мегӯянд, Сипоҳи посдорони инқилоб бар асоси барномаҳои хусусисозӣ ва музоядаҳо ба даст меорад, ки хилофи қонун нест. Дигар ин ки баъзе аз мақомоти олирутбаи Эрон дар гузашта гуфтаанд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар ҷанги ҳашстола бо Ироқ ҷонбозиҳои зиёде кардааст, ҳақ дорад, арсаҳои мухталифи кишварро таҳти назорат дошта бошад. Аммо Алӣ Киштгар, коршиноси эронӣ, мегӯяд, ин гуфта бар хилофи фармудаҳои худи пешвои инқилоби исломии Эрон аст.

Бино ба гузоришҳо, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ахиран ҳамчунин иҷоза барои таъсиси бонкеро ҳам ба даст овардааст. Ва соҳиб шудани он ба бештар аз 50 дар сади саҳмияҳои ширкати мухобироти Эрон, на танҳо талоше барои тақвияти қудрати иқтисодии сипоҳ хондаанд, балки ба гуфтаи хабарнигорони эронӣ, назорат ба тамоми системаи мухобиротӣ, яъне телефону интернет ва тамоми абзори дигари мухобиротист, ки дар ниҳояти амр иҷоза медиҳад, нерӯҳои сипоҳ, ҳар қадаму ҳар сухани афроди дилхоҳ ва ё номақбулашонро пайгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG