Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сарони Арманистону Озарбойҷон


Раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон имрӯз барои баррасии масоили мавриди ихтилофи миёни ду ҷониб бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ, як анклави арманитаборҳо дар қаламрави Озарбойҷон сари мизи гуфтугӯ хоҳанд нишаст. Мулоқоти миёни раиси ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Арманистон - Илҳом Алиеву Серж Саркисян бояд дар шарҳи Кишинёв, пойтахти Молдова, пеш аз баргузории нишасти сарони кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд баргузор шавад. Мулоқоти сарони кишварҳои Озарбойҷон ва Арманистон ҳамчунин қабл аз имзои созишномаи миёни Арманистону Туркия дар Тсюрихи Швейсария рӯзи шанбе доир мешавад, ки барои танзими равобити миёни ин ду кишвар, ки тӯли даҳсолаҳо дар ҳолати душманӣ ба сар мебаранд, равона шудааст. Яке аз масъалаҳои мавриди ихтилофи миёни арманиҳову туркҳо ба тасмими Туркия оиди барои бастани марзҳояш бо Арманистон бо ҳадафи пуштибонӣ аз Озарбойҷон дар ҷанги Қарбоғи Кӯҳӣ дар соли 1993 вобаста будааст.
XS
SM
MD
LG