Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раҳбари НАТО аз Русия


Паймони низомии НАТО аз Русия тақозо кард, ки нақши худро дар Афғонистон тавсеа дода аз ҷумла бо корҳои таъмини сарбозони афғониву тамрини онҳо дар мубориза зидди Толибон нақши фаъол дошта бошад. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО гуфт, ки манфиатҳои Русия дар ингуна бахшҳо метавонад ҷавобгӯи манфиатҳои ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ҳам бошад:

“Русия аллакай интиқоли борҳоро тавассути қаламрави Русия имконпазир гардондааст. Ба назари ман, созишномаи интиқоли борҳо бояд боз ҳам тавсеа дода шавад. Ин як масъала аст. Масъалаи дигар ин аст, ки Русия метавонад нирӯҳои амниятии Афғонистонро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунад. Ва сеюм, Русия метавонад бо тамрини нирӯҳо машғул шавад”.

Расмуссен ҳамчунин даъвати худро аз муттафиқони НАТО дар Иттиҳодияи Аврупо такрор кард ва гуфт, дар ҳоле, ки ИМА дар андешаи тавсеаи нирӯҳо дар Афғонистон мебошад, онҳо низ тааҳҳудоти худро дар баробари ин кишвар фаромӯш накунанд.
XS
SM
MD
LG