Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон қонуни нави забон эътибор пайдо кард


Қонуни нав дар бораи забони давлатӣ дар Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар дар ин қонун имзо гузошт. Акнун забони русӣ дар Тоҷикистон мисли пеш ё тибқи қонуни пешин забони гуфтугӯи байни миллатҳои сокини Тоҷикистон эътироф намешавад. Порламон пешнависи ин қонунро ҳафтаи гузашта ба тасвиб расонд. Бар асоси ин қонун акнун мукотибаи миёни муассисаҳову корхонаҳо танҳо ба забони давлатӣ анҷом мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳру варақаҳои дархост ё суолномаҳо (анкета) ба ҳар ду забон навишта шудааст.
XS
SM
MD
LG