Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз наврасони Тоҷикистону Эрон бозӣ мекунанд


Имрӯз дастаи футболи ҷавонони то 16 солаи Тоҷикистон дар шаҳри Катмандуи Непал дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо дастаи наврасони Эрон бозӣ мекунад. Ин дуввумин бозии Тоҷикистон дар ин мусобиқот аст. Дар бозии гузашта 5-ӯми октябр дастаи наврасони Тоҷикистон бар дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Бозии дигари дастаи Тоҷикистон 13-ӯми октябр бо дастаи Непал дар назар дошта шудааст. Ба ҷуз аз дастаҳои номбурда дар мусобиқоти қаҳрамонии наврасони Осиё дастаҳои Непалу Лубнон низ бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG