Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Далай Лама мулоқот намекунад


Дирӯз дар Вошингтон ба раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама ҷоизаи ҳуқуқи башар супурда шуд. Ҷоизаи Бунёди Лантос барои ҳуқуқи башар ва адолатро ба Далай Лама раиси Мачлиси намояндагони ИМА Ненси Пелосӣ супурд ва гуфт, ки чоиза ба Далай Лама барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон эхто шудааст. Ҷоиза ба шарафи собик вакили маҷлиси намояндагони ИМ марҳум Том Лантос таъсис ёфтааст, ки аз пуштибонхои аслии ҳуқуқи мардуми Тибет маҳсуб мешуд. Том Лантос дар даъвати Далай Лама барои суханронӣ дар Шурои ҳуқуқи башари Конгресс дар соли 1987 нақши калидӣ бозида буд.
Дар чаҳорчуби сафари панҷрӯзааш ба Вошингтон қарор аст Далай Лама бо раиси тозатаиншудаи департаменти давлатии Амрико дар умури Тибет дидору гуфтугӯ кунад ва аммо мулокоти ӯ бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тарҳрезй нашудааст.
XS
SM
MD
LG