Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси стратегияи нави маъмурияти Барак Обама


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва Роберт Гейтс, вазири дифои ин кишвар, ҳангоми нишасти матбуотӣ
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва Роберт Гейтс, вазири дифои ин кишвар, ҳангоми нишасти матбуотӣ

Вазири умури хориҷӣ ва вазири дифои Амрико аз минбари донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон барои баррасии сиёсати хориҷии ИМА истифода карданд.

Ҳезер Маҳер, хабарнигори Озодӣ дар Вашингтон

Ин нишаст, ки шаби душанбе бо ташаббуси телевизиони CNN баргузор шуд ва қарор аст рӯзи сешанбе дар саросари ҷаҳон ба намоиш гузошта шавад.

Ҳузури ду вазири аслии ҳукумати Барак Обама дар як нишасти матбуотии Вашингтон, ки аслан равандҳои мухталифи сиёсиро намояндагӣ мекунанду яке бо лаҳни нарму дигаре бо қудрати нерӯяш ба масоили байнулмилалӣ расидагӣ мекунанд, як рӯйдоди камназир аст.

Вале ин навбат ин ду мақом бо ҳамовозӣ дар бораи сиёсати хориҷии маъмурияти Обама сӯҳбат карданду ҳарду Афғонистону Эронро дар меҳвари ин дидгоҳҳои худ қарор доданд. Бахши аъзами гуфтугӯҳо атрофи стратегияи нави маъмурияти Обама дар Афғонистон мечархид.

Клинтон гуфт, ки ҳадаф дар Афғонистон ҳамонест, ки моҳи март ҳам буд, яъне нобуд ва мағлубсозии Ал-Қоида. Вале вай гуфт, ки тактикаву стратегияи зарурӣ барои расидан ба ҳадаф метавонад бознигарӣ шавад. Ин он андешае буд, ки то ҳол танҳо дар сӯҳбатҳои хусусии мақомоти баландпояи Кохи Сафед садо медод.

БОЗНИГАРИИ СТРАТЕГИЯИ ИМА ДАР АФҒОНИСТОН

Гейтс гуфт, ки моҳҳо пеш Обама дар бораи бознигарӣ шудани стратегияи Амрико дар Афғонистон баъди интихоботи моҳи август огоҳ карда буд ва баъди ин ду ҳодисаи нав рӯй дод. Яке ин ки арзёбиҳои фармондеҳи нави нерӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон генерал Стенли МакКристал собит кард, ки вазъияти амниятӣ дар ин кишвар ба маротиб бадтар назар ба моҳи март буда, интихоботи “ошкоро хадчадори” Афғонистон вазъро аз буда ҳам бештар печидатар кард.

Вазири дифои Амрико гуфт, ки бо назардошти ҳамаи ин зарурати бознигарӣ шудани стратегия дар Афғонистон пеш омадааст. Яке аз тақозоҳои муҳими стратегияи нави Амрико дар Афғонистон сафарбаркунии 40 ҳазор сарбози нави иловагӣ аст, ки дар баробари 60 ҳазор нерӯи феълан амалкунанда амалиёти зиддишӯришиёнро идома хоҳанд дод. Ин ҷангҳо, ки аллакай ҳашт сол аст идома дораду анҷоми он ҳанӯз маълум нест кай мерасад, Обама ҳар чи бештар бо мухолифатҳои ҳамсафонаш дар ҳизби демократ дар масъалаи ирсоли бештари нирӯҳо рӯбарӯ мешавад. Дар суханронии ахири худ МакКристал дар Лондон гуфт, ки дар сурати ирсол нашудани нирӯҳои иловагӣ рисолати Амрико дар Афғонистон пурра шикаст мехӯрад.

Дар стратегияҳои алтернативӣ бархе баръакс пешниҳоди коҳиши нерӯҳо ва таваҷҷӯҳи бештар ба вазъи ноамни марзи миёни Афғонистону Покистонро тақозо мекунанд, ки дар ҷараёни ин амалиёт бояд бештар аз нирӯҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бидуни халабон барои бомборони паноҳгоҳҳои шӯришиён истифода шавад.

Аз Гейтс пурсида шуд, ки назари ӯ ба ин воқеият, ки ҳоло тақрибан 80 дарсади Афғонистонро Толибон пахш кардаву соли гузашта ин адад 72 дарсад ва соли 2007 фақат 54 фоизро ташкил медод, чист? Ӯ бо нақли қавл аз арзёбиҳои ахири МакКристал роҷеъ ба боло будани мизони ноамнӣ гуфт, ки вазъ дар Афғонистон хеле ҷиддӣ буда аз буда ҳам бадтар мешавад.

Вай афзуд, “ба хотири нотавонии мо, агар ҳақиқатро гӯем, нотавонии мову муттафиқони мо дар сафарбаркунии нерӯҳои бештар ба Афғонистон воқеият чунин аст. Ва ба назар мерасад, ки Толибон ҳам аз ин фурсат истифода мекунанд”.

Гейтс гуфт, ки бидуни шак агар Афғонистон ба дасти Толибон гузарад, барои таҳкими мавқеиятҳои Ал-Қоида ва густариши домани фаъолиятҳои он шароити мусоид фароҳам хоҳад омад. Ҳангоми муроҷиат ба мавзӯи Эрон Ҳилларӣ Клинтон бо ёдоварӣ аз нишасти ҳафтаи пеши гурӯҳи панҷгона ва Эрон дар Женева онро самарабахш унвон кард.

МАВЗЕЪГИРИИ АМРИКО ДАР ҚИБОЛИ ЭРОН

Вай гуфт, ки созиши бадастомада ҳокӣ аз он аст, ки нозирони таслеҳотӣ ҳақи боздид аз таъсисоти нави атомӣ дар минтақаи Қумро ба даст хоҳанд овард, Эрон урани ғализи камро ба Русия фиристода ва баъди ғанисозии бештар дубора онро барои идомаи корҳои таҳқиқотӣ дар реактор бархоҳад гардонд. Ва баъди ин ҷонибҳо барои музокираҳои бештар бо пешравиҳои мушаххастар дидор хоҳанд кард.

Албатта бо андешаҳои вазири хориҷаи Амрико на ҳама розӣ шуда метавонад. Бархе мунаққидон гуфтанд, ки ин намунаи боз як бозии Эрон бо Амрико аст, ки дар фурсати ба дастомада корҳоро дар самти тавлиди силоҳи атомӣ идома диҳад.

Аз вазири хориҷаи Амрико инчунин савол шуд, ки оё онҳо эрониҳоеро фаромӯш накарданд, ки тобистони имсол зидди интихоби дубораи президент Маҳмуди Аҳмадинажод эътироз карданд? Хонум Клинтон гуфт, ки ИМА ҳамеша бо талошу пуштибониаш аз арзишҳои демократии ҳама эрониҳо маъруф буда бо лаҳни шадид хилофкориҳои замони интихоботро маҳкум кардааст.

Вай мавқеи ИМА дар нисбати Эронро бо мавзеъгирии Амрико дар муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ дар даврони "ҷанги сард" муқоиса кард ва ёдовар шуд, ки замоне гурӯҳи музокиротии амрикоиҳо бо ҳамкорони шӯравиашон баробар дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳам таҳдидҳои атомӣ гуфтугӯҳо кардаанд. Вай гуфт, ки арзишҳои ҳуқуқи башар маҳаки аслии мардуми амрикоиро ташкил медиҳад ва дар ҳамин самт гом хоҳад бардошт ва умедвор аст рӯзе ба ҳадаф хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG