Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаҳои ҷоизаи Нобел дар илми физика


Ҷоизаи имсолаи Нобел барои илми физикаро имрӯз се донишманд барои кашфиёташон дар амри истифодаи ноқилҳои оптикӣ ва нимноқилҳо соҳиб шуданд, ки аз онҳо дар шабакаҳои мухобиротӣ ва дастгоҳҳои аккосӣ ниҳоят зиёд кор гирифта мешавад. Чарлз Као шаҳрванди чинитабори Бритониё ва Амрико нисфи ҷоизаи пулиро барои дастовардҳояш дар таҳқиқи ноқилҳои оптикӣ соҳиб мешавад ва бақия ҷоизаро Ҷорҷ Смит аз Амрико ва Виллярд Бойл, шаҳрванди Амрикову Канада бо ҳам мебинанд, ки абзорҳои пешрафтаеро барои дастгоҳҳои аккосӣ офаридаанд. Кумитаи тақдими ҷоизаи Нобел мегӯяд, ин се нафар дар шакл додани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нақши бисёр муҳим доранд. Арзиши ҷоизаи Нобел 10 миллион крони шведӣ ва ё 1 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG