Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян омодаи азсаргирии музокирот аст


Кореяи Шимолӣ гуфт, ки хоҳиши бозгашт ба сари мизи гуфтушуниди шашҷониба дар масъалаи барномаи ҳастаии ин кишварро дорад, вале ба шарте, ки музокироти ҷудогонааш бо Амрико ба пешравӣ даст ёбад. Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ гуфт, ки Ким Йон Илл дар ин замина дар Пхенян дар мулоқот бо нахуствазири Чин Вен Ҷиабао изҳорот додааст. Моҳи апрел Кореяи Шимолӣ гуфта буд, ки аз музокира бо Чин, Ҷопон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА хориҷ мешавад ва дар моҳи май озмоиши дуюми ҳастаии худро анҷом хоҳад дод. Изҳороти имрӯза аз ҷониби вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ Ю Муянг Ҳван хуш истиқбол шуд. Вай гуфт:

“Кореяи Ҷанубӣ изҳори омодагии Кореяи Шимолиро барои бозгашт ба музокироти бисёрҷониба истиқбол мекунад, аммо бояд ниятҳои воқеии Кореяи Шимолӣ дарк карда шавад. Мо бо ҷонибҳои дигар боз машварат карданӣ ҳастем”.

ИМА гуфт, ки гуфтугӯҳои дуҷониба бо Кореяи Шимолӣ имконпазир аст, аммо бояд аввал оғози дубораи музокираҳои шашҷонибаро дид.
XS
SM
MD
LG