Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остонаву Париж чанд созишномаи энержӣ имзо карданд


Фаронсаву Қазоқистон созишеро ба имзо расонданд, ки ҳузури ширкатҳои энержии Total ва GDF Suez-ро дар коркарди майдонҳои гази Хвалинскии воқеъ дар баҳри Каспийро имконпазир мегардонад. Бар тибқи ин созишнома, ки имрӯз дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ аз Остона сурат гирифт, ду ширкати фаронсавӣ ҳудудан як миллиард долларро ба 25 дар сад саҳмияи ин ширкатҳо маблағгузорӣ хоҳад кард. Қарор аст корҳои тавлидотӣ дар майдони Хвалинское соли 2016 оғоз ёфта дар он солона то нӯҳ миллиард метри кубӣ газ истеҳсол шавад. Масрафкунандаи аслии ин газ Русия хоҳад буд. Ёддошти тафоҳуми дигаре, ки ҳамчунон имрӯз ба имзо расид, ба эътилофи ширкатҳои дигари фаронсавӣ имкони сохтмони лӯлаи нафтиро дар майдони Қашаған фароҳам меорад. Боздиди Николя Саркозӣ ҳамчунин ба имзои созишномае дар заминаи транзити воҳидҳои низомии фаронсавӣ аз хоки Қазоқистон ва Афғонистон сабаб шуд. Дар ҳайати баландпояи ҳукумати Фаронса инчунин вазирони умури хориҷӣ, савдо ва фарҳанг шомил ҳастанд.
XS
SM
MD
LG