Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи назари мушовирони Обама


Ҷеймс Ҷонс, мушовири раисҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ гуфт, ягон таҳдиди дубора таҳти назорати Толибон қарор гирифтани Афғонистонро намебинад. Ӯ афзуд, дар ин кишвар коҳиши ҷиддии ҳузури ал-Қоида ба назар мерасад.

Ҷонс зимни мусоҳиба бо шабакаи хабарии CNN иброз дошт, “дар робита ба Афғонистон хабари хуш барои амрикоиҳо ин аст, ки ҳузури ал-Қоида дар он кишвар хеле коҳиш ёфтааст.” Ба гуфти мушовири Обама, гоми баъдӣ дар ин самт – аз байн бурдани паноҳгоҳҳои ошӯбгарон дар қаламрави Покистон, дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон хоҳад буд. Вай таъкид намуд, ки ягон имкони бозгашти Толибонро намебинад ва мутмаин аст, ки хатари фурупошии ҳукумати Афғонистон вуҷуд надорад.

Дирӯз, чаҳоруми октябр, дар як ҳамла ба постгоҳҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ 8 сарбози ИМ кушта шудаанд.
Хабари ҳалокати сарбозон замоне расид, ки Обама бо мушовирони аршади сиёсати хориҷааш дурнамои ҷанги Афғонистонро баррасӣ мекард.

Дар мавриди фиристодани нерӯҳои иловагӣ ё интихоби нақшаи алтернативӣ миёни мушовирони Обама ихтилофи назар мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, назари Ҷеймс Ҷонс аз арзёбиҳои фармондеҳи аршади неруҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенли Маккристал фарқ мекунад. Маккристал вазъи Афғонистонро ҷидди арзёбӣ намуда, гуфта буд, пирӯзиро бар Толибон касе замонат дода наметавонад. Тибқи маълумоти мақомоти ИМ, Маккристал мехоҳад ба Афғонистон боз 40 ҳазор сарбозӣ иловагӣ фиристода шавад.
Дар як гузориши вижаи инфиродӣ Маккристал ҳамчунин навиштааст, хатари аз байн рафтани ҳукумати кунунии Афғонистон ва дубора ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ табдил ёфтани он мавҷуд аст.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS Ҷеймс Ҷонс гуфт, ки генерал МакКристал ақидаи шахсиашро ироа кардааст. Мушовири раисҷумҳур хабар дод, ки Обама стратегияи навро дар қиболи Афғонистон бознигарӣ карда истодааст ва ин стратегия Покистонро низ дар бар мегирад.

Дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи имкони дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтани Афғонистон, Ҷонс гуфт, ки ба назараш ин фақат як фарзияест. Ҷеймс Ҷонс афзуд, тибқи тахминҳо, теъдоди ҷангиёни ал-Қоида дар Афғонистон на бештар аз 100 нафар аст, онҳо пойгоҳҳои низомӣ ва ё биноҳо барои тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои Амрико ва эътилофро надоранд.

Ҷонс ҳамчунин гуфт, ҳукумат ва артиши кишвари ҳамсояи Афғонистон - Покистон дар он суи марз барои муқобила алайҳи ал-Қоида ҳатто бештар аз интизорот пешрафт кардааст. Вай аз ҳамкории низомиёни Амрико ва Покистон изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки шояд ин ҳамкорӣ ба тағйири вазъ дар Афғонистон низ мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG