Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Обама ба пойдории хукумати Кобул мутмаин аст


Ҷеймс Ҷонс, мушовири раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар умури амнияти миллӣ гуфт, ки ягон таҳдиди дубора таҳти назорати Толибон қарор гирифтани Афғонистонро намебинад. Ӯ афзуд, ки дар ин кишвар коҳиши ҷиддии ҳузури “Ал-Қоида” низ ба назар мерасад. Ҷонс зимни мусоҳиба бо шабакаи хабарии СNN иброз дошт, “дар робита ба Афғонистон хабари хуш барои амрикоиҳо ин аст, ки ҳузури Ал Қоида дар он кишвар хеле коҳиш ёфтааст.”
Ба гуфти мушовири Обама, гоми баъдӣ дар ин самт – аз байн бурдани паноҳгоҳҳои ошубгарон дар қаламрави Покистон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон, хоҳад буд. Вай таъкид намуд ки ягон имкони бозгашти Толибонро намебинад ва мутмаъин аст, ки хатари фурупошии ҳукумати Афғонистон вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест ки тибқи хабарҳо, дирӯз дар як ҳамлаи ҷангиёни қабилаӣ ба постгоҳҳои эътилофи байналмилалӣ 8 сарбози ИМА кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG