Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни забони давлатӣ тасвиб шуд


Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумон, тарҳи нави “Қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон”-ро тасвиб карда ва барои имзо ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фиристод. Қонуни мазкур, ки дигар забони русиро “забони муоширати байни миллатҳо” дар Тоҷикистон намедонад, сабаби асабоният ва ҳаёҳуи зиёде дар Русия шуд, ки мизбони бештар аз як миллион нафар муҳоҷирони кории тоҷик аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ гуфтааст, ки ин қонун ҳуқуқи миллатҳои дигар дар Тоҷикистонро нодида нагирифтааст ва шароитро барои муколама бо забонҳои дигарро фароҳам мекунад. Тарҳи “Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пас аз имзои раиси ҷумҳур ва нашри он дар матбуоти расмӣ ҳукми иҷро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG