Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи Гандӣ - рӯзи зидди хушунат аст


Соли дуюм аст, ки 2 октябр дар саросари ҷаҳон бо як тасмими Маҷмаи кулли СММ рӯзи байналмилалии зиддихушунат таҷлил мешавад. Ин сана бо зодрӯзи раҳбари пешини Ҳинд Маҳатма Гандӣ мувофиқ меояд, ки барои мардуми кишвараш дар роҳи расидан ба истиқлолият, мубориза барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодӣ мусоидат кардааст. СММ мегӯяд, ки дар ин рӯз ба ҷаҳониён бояд пайғоми рӯшани маҳкум шудани хушунат ва поймолшавии ҳуқуқи инсон расонда шавад.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон назар ба нигарониҳои созмонҳои ҷамъиятӣ солҳои охир бештар навъҳои хушунати хонаводагӣ, лату кӯби занону ҳамсарон мушоҳида мешавад, ки аз заъиф будани мавқеи зан дар хонаву ҷомеа маншаъ мегирад. Дигар намунаҳои тавсеаёфтаи нақзи ҳуқуқи инсон дар кори бармаҳали наврасон дар кӯчаву хиёбонҳо, аз таҳсил дур мондани фарзандони хонаводаҳои нодор, ба вижа духтарҳо гуфта мешавад.
Азия-Плюс хабар медиҳад, ки ба муносибати 140-солагии Маҳатма Гандӣ дар Душанбе бо ташаббуси сафорати Ҳинд маросими гулгузорӣ дар пои пайкараи ӯ дар хиёбони Бухоро бо ширкати кормандони сафоратхонаҳои хориҷӣ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG