Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони МАРДикор -- ояндаи кишвар?


«Ман мехоҳам, ки ба модарам дар рӯзгордорӣ кӯмак кунам, ақаллан барои хариди сарулибос барои худ ва додараконам пул ҷамъ кунам. Ҳоло мо дар оила панҷ нафарем. Падарам моро партофта, ба хонаи зани дигараш рафт. Додараконамро ба қишлоқ гусел кардем. Худам мактабро партофта, омадам, ки дар ин бозор кор кунам...»

Муҳиддини 12-соларо, ки сӯҳбат мекард, мебояд ҳоло дар синфи шашуми мактаб таҳсил кунад, аммо вай мегӯяд, ба ин сабаб ки бепадар асту модараш дар таъмини ӯву додаронаш азият мекашад, вай ҳам водор шуда, ки аз таҳсил даст кашида, вориди бозор шавад.

Муҳиддин аз шумули наздик ба 40 ноболиғи дигарест, ки ахиран зимни як амалиёт ё ба истилоҳ, рейди милисаи маҳаллӣ, дар бозори марказии Қӯрғонтеппа боздошт шудааст.

Милиса мегӯяд, ки Муҳиддин ва ноболиғони дигар, ки дар вақту замони таҳсил дар мактаб, дар бозор мардикориву тиҷорати хурд мекунанд, тамоман аз таҳсил канор мондаанд ва дар қайди ҳеҷ кадом таълимгоҳ нестанд.

Маҳмадалӣ Салимов, сардори Хадамоти кор бо ноболиғони раёсати корҳои дохилии Хатлон, бо таъкид ба ин нукта гуфт, аз шумори кӯдакони ахиран боздоштшуда танҳо 17 нафарашон сокинони Қӯрғонтеппа буда, аммо дар бозори марказии ин шаҳр ноболиғон аз ҳар кунҷу канори вилояти Хатлон ва ҳатто водии Рашт меҳнат мекардаанд.

Аммо ин корманди масъули милиса дақиқан нагуфт, ки оё дар пайи боздошти кӯдакони меҳнаткаши бозорӣ волидони онҳо ба муҷозот кашида шудаанд ё не.

М. Салимов афзуд, кӯдакони боздоштшуда баъд аз анҷоми умури профилактикӣ ба маҳалли иқоматашон ирсол карда мешаванд. Аммо вай ҳамчунин гуфт, ки ин нахустин ва ягона амалиёт нест, ки зимни он кӯдакони синни мактабӣ ба ҷойи таҳсил, дар бозорҳо мардикорӣ мекунанд. Тақрибан ҳар моҳи имсол рейдҳои махсус дар бозори марказии Қӯрғонтеппа анҷом шуда ва дар пайи он ба ҳисоби миёна то 15 ноболиғ боздошт мешудаанд.

Шуғли аслие, ки кӯдакон дар бозору саҳроҳо доранд, покетфурӯшӣ, боркашонӣ бо ароба, кӯмак ба тоҷирон дар фурӯши сабзиҷот, ҳамчунин ғундоштани пиёзу картошка аз замини кишт ва мисли ин мебошад. Дар бозори марказии ин шаҳр шумори қобили мулоҳизаи кӯдакон ба тиҷорати хурду мардикорӣ машғуланд, дар ҳоле ки дар ин синну сол бояд таҳсилу фароғат дошта бошанд. Танҳо ба хотири дарёфти маблағи бештар наврасон аз ҳар гӯшаи Хатлон ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа меомадаанд.

Истифода аз меҳнати кӯдакон, афзудани шумори ноболиғони машғул ба аробакашӣ ва дигар шуғли пурзаҳмат дар бозору саҳроҳо доираи коршиносон ва масъулини идораҳои зирабтро дар вилояти Хатлон дар ташвиш гузоштааст.

Масъулини ҳукумати Қӯрғонтеппа мегӯянд, бояд барои аз таҳсил канор мондани чунин ноболиғон волидонашон ба муҷозот кашида шаванд, зеро истифода кардан аз меҳнати пурмашаққати кӯдакон мумкин нест. Абдуҷаббор Саидов, мудири шӯъбаи маънавиёти ҳукумати Қӯрғонтеппа: «Агар ноболиғ ба бозор равад, ба салафанфурӯшию картошкафурӯшӣ машғул шавад, ин агар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамон оила бошад, тамоман нодуруст аст. Ҳеҷ вақт падару модари боақл, бофаросат такя ба кори ноболиғ намекунад. Ҷабр аст, ҷабр. Зулм аст ин…»

Дар ҳоле ки масъулини ҳукумат мардикории кӯдакону ноболиғонро «ҷабру зулм» мехонанд, волидони иддае аз ин кӯдакон мегӯянд, аз ноилоҷӣ, ба хотири дарёфти луқмаи ноне ба мардиконии фарзандашон чашм мепӯшанд.

Давлатмоҳ Раҳмонова, модари яке аз чунин кӯдакони мардикор, мегӯяд, ки ба сабаби тангдастиву бебизоатӣ писари ноболиғаш аз таҳсил канор монда, бори таъмини рӯзгор ба дӯшаш афтодааст: «Писарам Ҷаҳонгир аз синфи сеюмиаш бозор рафта, салафанфурӯшӣ мекард. Кораш душвор буд, салафан мекашид, орд мекашид, сетка мекашид, мефурӯхт, дастонаш хунолуд ба хона меомад, мезадандаш дар бозор, меғалтид, кораш вазнин буду хайр, ҳамин хел зиндагимон пеш мерафт…Отааш зан гирифта рафтагӣ буд. Аз ҳамон соли 1986-ум, ки оиладор шуда будем, падараш азобамон медод, то 2003. Баъд зан гирифт, кӯдакдор шуд, баъд ҳамин хел пурра зиндагиамон вайрон шуд...»

Ва аммо худи Ҷаҳонгир, ки 10 сол боз масруфи мардикорӣ дар бозори Қӯрғонтеппа аст, мегӯяд, барояш муҳимтар аз таҳсил таъмини модару хоҳаронаш аст. Вай мехоҳад ҳар он чиро ки падараш натавонистааст ба хонаводааш бидиҳад, бирасонад: «Аз соле, ки худама мешиносам, падарамро ҳушёр дидагӣ нестам. Фақат маст буд. Маҷбур мешудам, зиндагиро медидам, аҳволи хона вазнин буд, хӯрданӣ набуд. Бозорда ёрдам мекардам, салафан мефурӯхтам, чизе кор меомад, мекардам, ҳатто алафдаравӣ ҳам мебурданд, мерафтем алаф медаравидем. Раисон 10 сомонӣ ё 5 сомонӣ медоданд, мерафтем, то бегоҳ алаф медаравидем. То синфи 9–ум мехондам, гурехта-гурехта мехондам, ба ҳар ҳол, як дарс-ду дарс мехондам. Бозор мерафтам, хона, зиндагиро дида, чизе намерасид, ҳамон рӯз дар фикри ҳамон будам, фикри дарсда не, фақат дар андешаи таъмини хонавода. Очаам намемонд, аммо ман ягон занро дар хона намемонам, ки кор кунад, номус дорам Худоро шукр…»

Сарвиноз, духтари ҷавоне, ки мешавад гуфт, бо пули покетфурӯшӣ дар бозор ба воя расидааст, мегӯяд, аз рӯзҳои машаққаташ дар бозор хотираҳои хуб надорад: «Аввал дар хона мо нони хӯрдан надоштем, баъд додарам майдаҳак буд, дар зимистон мерафт бозор, салафан мефурӯхт, нон меовард, моро мехӯронд. Очаам мегуфт, ки духтарам, равед, дукаса кор кунед. Оҳ, он рӯзҳо сангин буд, пойҳомон то зону тари об мешуд, боз пеши одамон мерафтем, агар мегуфтем, ки ака ё хола, салафан мегирӣ, ягонташ мезаданд, ё тела мекарданд, ҳар гап мегуфтанд…»

Агар ҳам дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон шумори ноболиғон ба як миллион нафар наздик аст, тибқи гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, 15 дарсад аз ин шумора ба меҳнати пурмашаққат масруф будаанд. Аксаран кӯдакон аз хонаводаҳои нодор ризқу рӯзии худро дар бозорҳо меҷустаанд.
XS
SM
MD
LG