Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши аслии қарзи гази Ӯзбакистон пардохт шуд


Масъулоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” мегӯянд, ки Тоҷикистон аз 18 миллион доллар қарзаш дар баробари Ӯзбакистон барои харидории гази табиӣ 10 милион долларашро пардохт кард ва дар натиҷа, интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя аз сар гирифта шудааст. Хабарнигори Reuters мегӯяд, Тоҷикистон қисмати боқимондаи қарзашро ният дорад тавассути интиқоли нирӯи барқ пардохт кунад. Ӯзбакистон рӯзи сешанбе ҷараёни интиқоли газро ба Тоҷикистон бо сабаби пардохт нашудани қарзи истифодаи он қатъ карда буд. Айнан бо ҳамин сабаб Тошканд интиқоли газро ба ҳамсояи дигараш – Қирғизистон мутаваққиф кардааст.
XS
SM
MD
LG