Намояндагони Сандуқи байнулмилалии пул мегӯянд, зарари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон дар се соли гузашта на 4 триллион, тавре интизор мерафт, балки камтар 3 триллиону 400 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи онҳо, талошҳои зиддибӯҳронии ҳукуматҳо ва бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон имкон дод, ки осеби бӯҳрон коҳиш ёбад. Вале бо вуҷуди ин, огоҳ мекунанд, мутахассисони Сандуқи байнулмилалии пул, мушкили вомдиҳӣ ҳамоно ба тавозуни кори бонкҳо зарба хоҳад зад.