Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва раҳбари НАТО Афғонистонро баррасӣ карданд


Дирӯз дар Вошингтон Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО мулоқот ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Баъд аз мулоқот Обама гуфт, ҷанг дар Афғонистон танҳо "муборизаи Амрико" нест, балки масъулияти густардаи НАТО мебошад. Ин мулоқот баъд аз як рӯзи ҳимояти Расмуссен аз гузориши генерал Стейнлӣ мак Кристал-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон анҷом гирифт. Генерал Кристал дар гузориши худ хостори фиристодани нируҳои изофӣ ба Афғонистон шудааст. Аммо Расмуссен ошкор накард, ки вай аз дархости генерал Кристал дар бораи фиристодани нирӯ ҷонибдорӣ хоҳад кард ё хайр.
XS
SM
MD
LG