Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Эрон ба кишварҳои ғарбӣ


Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси Ожонси Энержии ҳастаии Эрон мегӯяд, кишвараш ба гуфтаи вай "салоҳият"-и ҳастаии худро рӯзи панҷшанбе бо шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон баррасӣ нахоҳад кард. Алӣ Акбар Солеҳӣ ин нуктаро дар ҷараёни як конфронси хабарӣ дар Теҳрон ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Солеҳӣ изҳор дошт, ки ба ин шарту шароит корхонаи ҷадиди ифшошудаи ғанисозии уран низ шомил хоҳад буд. Вай ҳамчунин таъкид кард ки Эрон барои як сония аз фаъолиятҳои ғанисозӣ даст нахоҳад бардошт. Дар ҳамин ҳол, порламони Эрон дар эъломияе ҳушдор дод, ки агар кишварҳои ғарбӣ иштибоҳҳои гузаштаи худро такрор кунанд, ҳамкориашро бо онҳо бозмедорад.
XS
SM
MD
LG