Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз истиқрори мушакҳои "Искандар" даст кашид


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев тасдиқ кард, ки кишвараш мушакҳои кӯтоҳпарвози хешро дар марзи Лаҳистон мустақар нахоҳад кард. Дар поёни нишасти сарон дар Питтсбург, Медведев гуфт, аз ин ба баъд зарурате барои ҷойгир кардани мушакҳои Искандар дар ҷазирақаламрави болтикии Русия , Калининград боқӣ намондааст. Вай ин тағйирро ба худдории Вашингтон аз барномаи сипари зиддимушакӣ дар Аврупо бастагӣ дод. Аммо изофа кард, ки агар президент Обама ба ин тарҳ идома диҳад, Русия низ тасмими худро бознигарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG