Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама коргоҳи дуюми атомии Эронро маҳкум кард


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама Эронро барои эҷоди корхонаи махфии сӯхти атомӣ дар давоми чанд сол маҳкум карда аз ин кишвар тақозо кард, ки қонунҳои байналмилалӣ оид ба адами тавсеаи силоҳҳоро риоя кунанд. Обама, ки барои пахши ин изҳорот ҳамроҳ бо нахуствазири Бритониё Гордон Браун ва раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ дар нишасти гурӯҳи бистгона дар Питсбург ҳозир шуд, аз Оҷонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ даъват кард, ки ин хабарро билофосила таҳқиқ кунад:

“Мавҷудияти ин таъсисот бори дигар хоҳиш надоштани Эронро барои иҷрои ӯҳдадориҳояш дар баробари қатномаҳои Шӯрои амнияти СММ ва талаботи Оҷонсии энержии атомӣ таъкид мекунад. Интизори мо ин аст, ки оҷонс ин хабари нигаронкунандаро билофосила таҳқиқ карда ба ҳайати шӯрои ин ниҳод гузориш хоҳад дод”.

Обама фаъолиятҳои Эронро “як чолиши мустақим” ба низоми адами тавсеаи силоҳҳо унвон карда гуфт, ки ҳоло фурсати он расидааст, ки Теҳрон бояд барои барқарории эътимодаш дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ амал кунад. Субҳи ҷумъа Оҷонси энержии атомӣ гуфт, ки Эрон коргоҳи дуюми ғанисозии ураниумро бунёд мекунад ва дар ин бора тавассути нома ин созмонро дар ҷараён гузоштааст.
XS
SM
MD
LG