Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Обама дар Маҷмаъи умумии СММ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз барои нахустин бор аз минбари Маҷмаъи умумӣ суханронӣ кард. Обама аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, дар амри муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ масъулияти бештаре бар дӯш бигиранд. Обама гуфт, Амрико ӯҳдадор шудааст ҷанги Ироқро поён диҳад, вале набардро ба хотири аз байн бурдани шабакаи Ал-Қоида ва муттаҳидинаш бо иттифоқи кишварҳои дигар идома хоҳад дод.
Дар иҷлоси имсолаи Маҷмаъи умумӣ раҳбарони беш аз 120 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омадаанд. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дар ифтитоҳи ин иҷлос гуфт: “Оғози баҳсҳои имсола дар иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумӣ аз мо расидагӣ ба ин марҳалаи фавқулоддаро тақозо дорад. Дар пасманзари ин ҳама бӯҳронҳо, чун бӯҳрони ғизову энержӣ, пасрафти иқтисод ва пандемияи зуком, ки ҳамаро ҳамзамон зарба зад, ҷаҳон дидаи таваҷҷӯҳ ба сӯи мо дӯхтааст, ки оё мо ба ин ҳама чӣ посухе хоҳем дод.”
Қарор аст, имрӯз дар Маҷмаъи умумӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG