Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор алайҳи "девори нави Берлин" дар Гурҷистон


Шахсиятҳои маъруфи Аврупо дар як номаи саркушода, ки дар 4 рӯзнома нашр шуд, бо таваҷҷӯҳ ба ишғоли ду вилояти Гурҷистон аз сӯи Русия алайҳи бунёди “девори нави Берлин” дар ин кишвари Қафқоз ҳушдор додаанд. Зери ин нома 12 нафар, бо шумули раисиҷумҳури собиқи Чехия Васлав Ҳавел, узви парлумони Аврупо Даниэл Кон-Бендит ва адибони фаронсавӣ Андре Глуксманн ва Бернард-Ҳенрӣ Левӣ имзо кардаанд.
Ин нома мегӯяд, ки ҳамоиши Аврупо дар Гурҷистон ба чолиш дучор шудааст. Муаллифон аз 27 кишвари узви ИА даъват кардаанд, дар амри кӯмак ба эҳёи мусолиматомезонаи тамомияти арзии Гурҷистон ва ноил шудан ба хуруҷи нирӯҳои Русия, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Гурҷистон мустақар шудаанд, як стротежии фаъолтар таҳия кунад.
XS
SM
MD
LG