Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cарони 100 кишвар иқлимро баррасӣ мекунанд


Дар Ню-Йорк теъдоди дар гузашта бесобиқаи раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар як нишасти сатҳи олӣ ба баҳси масоили тағйири иқлим хоҳанд пардохт.

Дар ин ҳамоиш дар қароргоҳи СММ ширкати беш аз 100 раҳбари ҷаҳон дар назар дошта шудааст. Ҳадаф аз ин нишаст ба ҳам овардани дидгоҳҳо ва таҳрик додани кишварҳо ба иҷрои таааҳудоти худ ба манзури коҳиш додани мизони партоби газҳои гулхонаӣ ва муқобила ба гармшавии иқлим гуфта мешавад. Нишасти имрӯзаи Ню-Йорк охирин чунин нишасти бузург дар пешорӯи анҷумани байналмилалиест, ки бояд моҳи декабр дар Копенҳагени Дания паймонҳои нави байналмилалии марбут ба масоили тағйири иқлим ва муқобила бо гармшавии ҷаҳониро тасвиб кунад.

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз замони нишастанаш ба ин курсӣ дар соли 2007 масоили тағйири иқлимро дар меҳвари талошҳояш қарор дода, мехоҳад минбари Маҷмаъи умумии Созмони Милалро низ ба хотири ташвиқи маъракаи ҷаҳонии муқобила ба асароти тағйири иқлим истифода кунад. Бан Гӣ Мун мегӯяд: “Масъалае нест, ки беҳтар аз ин ба зарурати намоиши ваҳдати ҷаҳон таъкид кунад. Чолише дигар нест, ки моро ин қадар ба тағйири дидгоҳ маҷбур кунад. Нишасти рӯзи 22 сентябр дар масъалаи тағйири иқлим бузургтарин ҳамоиши раҳбарони кишварҳо ва давлатҳо дар ин мавзӯъ хоҳад шуд. Ҳадаф ҷамъ овардани назарҳо ва таҳияи барномаи амал аст.”

Сарвазири собиқи Бритониё Тонӣ Блейр, ки дар ифтитоҳи нишасти Ню-Йорк сӯҳбат мекард, аз мушкилоте ҳарф зад, ки аҳли ин ҳамоиш
"Дар нишасти Ню-Йорк раисҷумҳури Амрико Барак Обама ва раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао ҳарду ширкат меварзанд. Чину Амрико ду партобкунандаи бузургтарин газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, 40 дарсади партоби чунин газҳо ба фазо аз ҷониби ҳамин ду кишвар сурат мегирад."
дар роҳи расидан ба дидгоҳи умумӣ дар мавзӯъи тағйири иқлим дучор мешаванд: “Дар чунин музокироти мушкилу мураккаб набояд хубро бо беҳтар ҷанг андохт. Сухан дар бораи ин ё он фоизи мушаххас намеравад. Сӯҳбат аз як созишномаи ҷаҳонист, ки дунёро дар оянда дар як роҳи нави коҳиши газҳои карбон қарор диҳад.”

Тонӣ Блейр бо ин вуҷуд афзуд, роҳ ва хосту иродаи ҳамагон хоҳ-нохоҳ дар ниҳоят ҳамин хоҳад шуд. Дидгоҳи давлатҳо ба масоили тағйири иқлим хеле фарқ мекунад. Бархе бар ин боваранд, ки тағйири иқлим як падидаи табиист ва таъсири фаъолиятҳои инсон ва тавлидоти саноатӣ дар ин амр хеле ночиз аст. Аммо, феълан, назари аксар ин аст, ки тағйири иқдим кори дасти инсонҳост ва муқобила бо он талошҳои дар сатҳи ҷаҳон ҳамоҳангшудаеро тақозо мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар нишасти Ню-Йорк раисҷумҳури Амрико Барак Обама ва раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао ҳарду ширкат меварзанд. Чину Амрико ду партобкунандаи бузургтарин газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, 40 дарсади партоби чунин газҳо ба фазо аз ҷониби ҳамин ду кишвар сурат мегирад.

Партоби газҳои гулхонаӣ ва кам шудани қабати озони атмосфера аз бузургтарин авомили боло рафтани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳои қутбӣ дониста мешавад. Муқобила бо тағйири иқлим инак солҳост, ки як ҳадафи дастнорас боқӣ мемонад. Тибқи маъмул, дар ин масъала манфиатҳои миллии кишварҳо бар хостҳои байналмилалӣ боло мегиранд ва дар ҳоле ки кишварҳои нодор барои худ дар ин масъала низ кӯмаку ёрӣ металабанд, кишварҳои сарватманд нисбат ба кам кардани тавлидоти саноатии худ майли чандоне нишон намедиҳанд.

Дар нишасти Ню-Йорк, қарор нест, ки кадом созишномаи фарогир тасвиб шавад, вале ҳама умедворанд, ки раҳбарони ҷаҳон паҳлуҳои усулии мавзӯъро ба баҳс кашида, ба марҳалаи давомдори беамалӣ поён гузоранд ва роҳро барои таҳия ва тасвиби як паймони ниҳоӣ, ки қарор аст, дар анҷумани байналмилалии тағйири иқлим дар Копенҳаген дар моҳи декабр тасвиб шавад, ҳамвор кунанд. Паймони Копенҳаген ҷойгузини паймони соли 1997 имзошудаи Киото хоҳад шуд.

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ҳушдор дод, ки фурсат аз даст меравад ва имрӯз иқдомоти оҷили сиёсӣ лозим аст: “Суръати тағйири иқлим хеле тундтар аз суръати амали мост. Нишасти мо бояд пуле ба сӯи анҷумани Копенҳаген шавад. Мо мехоҳем, раҳбарони ҷаҳон намоиш диҳанд, ки ҷиддияти хатари тағйири иқлим ва манфиатҳои имрӯз даст ба иқдом задан дар ин масъаларо дарк мекунанд.”

ИА дар тобистони имсол тааҳҳуд супурд, ки тайи 10 соли оянда ҳарсола барои муқобила ба тағйири иқлим 15 миллиард доллар ҷудо
“Суръати тағйири иқлим хеле тундтар аз суръати амали мост." Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун.
карда, то соли 2020 ҳаҷми партоби газҳои гулхонаиро ба фазо дар муқоиса бо соли 1990 20 дарсад коҳиш диҳад. Дар аҳди Ҷорҷ Буш, маъмурияти Амрико ба ин далел, ки Чину Ҳинд, ду партобкунандаи бузурги газҳои гулхонаӣ дар ин барнома шомил нашудаанд, низ аз ҳамроҳӣ ба маъракаи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ иҷтиноб меварзид. Вале маъмурияти Барак Обама, тавре ба назар мерасад, нисбат ба баҳси масоили тағйири иқлим ҳусни бештари тафоҳум нишон медиҳад. Пекин низ гуфтааст, ки раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао дар як “суханронии муҳим” дар нишасти Ню-Йорк барномаи амали кишвараш дар масъалаи тағйири иқлимро бармало хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ду рӯз қабл бо мақсади ширкат дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба мушкилоти тағйири иқлим вориди Амрико шуд.

Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва мушовири президент дар масоили сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ҳамроҳӣ доранд.

Тибқи барномаи сафари ин ҳайат, Э. Раҳмон ҳамчунин дар 64-умин нишасти Маҷмаи кулли СММ ширкат хоҳад варзид, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG