Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши азими сарони 100 кишвари ҷаҳон


Имрӯз сарони бештар аз 100 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон барои баррасии тағйири иқлим ва масъалаи имзои аҳдномаи нав барои муқобила бо ин раванд гирди ҳам меоянд. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳамоишро даъват кардааст, мегӯяд, ҳадаф аз ин нишаст, наздиктар кардани иродаи сиёсии кишварҳои ҷаҳон барои имзои аҳдномаи нав аст, ки қарор аст дар шаҳри Копенгагени Дания моҳи декабр имзо шавад. Мӯҳлати эътиборит аҳдномаи Киото, ки кишварҳои ҷаҳонро мувазаф мекунад, партоби газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд, ба зудӣ поён меёбад. Мақомот умедворанд, ки дар ин ҳамоиш ихтилофоти назари миёни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд дар мавриди шеваи коҳиши газҳои гулхонаӣ рафъ шавад, ки иллати аслии гармоиши курраи Замин аст.
XS
SM
MD
LG