Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони курдӣ дар Турия дигар мамнӯъ нест


Театри давлатии Туркия нахустин бор намоишеро бо забони як замон мамнӯъи курдӣ ба бинандагон пешниҳод хоҳад кард. Матбуоти расмии Туркия хабар медиҳад, бозии "Марги зинда" дар бораи қатлҳои номусӣ рӯзи 1-уми октябр дар шаҳри Диёрбоқир, бузургтарин шаҳри курднишини ҷанубу шарқи Туркия ба намоиш хоҳад омад. Забони курдӣ дар Туркия то соли 1991 расман мамнӯъ буд. Ҳукумат ахиран як силсила корҳоеро анҷом дод, то ба норозигии курдҳо расидагӣ шавад ва ҷанги 25-солаи ҷудоихоҳонаи онҳоро ба хотима барад. Инчунин Иттиҳоди Аврупо, ки Туркия хостори узвият дар он аст, ба Анкара фишор меорад, то ҳаққи ақаллиятҳо муроот шавад.
XS
SM
MD
LG