Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони вазъ дар Гурҷистон ҳушдор медиҳанд


Нозирони Иттиҳоди Аврупо дар Гурҷистон гуфтаанд, онҳо дар арафаи нашри гузориши сабабҳои ҷанг байни Гурҷистон ва Русия дар моҳи августи соли гузашта, талошҳои дидбонии вазъро тақвият хоҳанд дод. Раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо Ҳансйорг Ҳабер гуфт, ин талошҳо танҳо хосияти пешгирикунанда хоҳанд дошт. Гузориши муҳаққиқони мустақили байнулмилалӣ дар бораи сабабҳои ҷанги байни Русия ва Гурҷистон то охири ин моҳ бояд ба нашр расад. Наздик ба 210 нозири бесилоҳи байнулмилалӣ вазъи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро мушоҳида мекунанд.
XS
SM
MD
LG