Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия розӣ шуд, ки ба Ироқ об бештар диҳад


Мақомоти Ироқ мегӯянд, Туркия розӣ шудааст, ки миқдори оби рӯдхонаи Фурот ба Ироқро барои як моҳ зиёд кунад. Алӣ ал Даббоғ-сухангӯи ҳукумати Ироқ дар эъломияе гуфт, "Туркия омода шудааст, ки дар як сония ба Ироқ аз 450 то 500 метри муккааб то 20-ӯми октябр аз рӯдхонаи Фурот ба Ироқ об диҳад". Ин эъломия баъд аз музокироти Ҳушёр Зебарӣ-вазири умури хориҷаи Ироқ ва Вейсел Эруғлу-вазири ҳифзи муҳити зисти Туркия дар Истанбул садо дод. Ироқ ва Сурия аксар вақт шикоят мекунанд ки Туркия бо эҳдоси обанборҳои зиёд дар рӯдхонаҳои Фурот ва Даҷла оби ин рӯдхонаро ба инҳисори худ даровардааст.
XS
SM
MD
LG