Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти нокоми Митчелл дар Ховари Миёна


Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна, имрӯз ба хотири эҳёи раванди сулҳ бори дигар бо раҳбарони и Исроил ва Фаластин музокирот анҷом дод. Баъди гуфтушуниди навбатӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, Митчелл бо раиси Идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ҳам дидору гуфтугӯ кард. Соҳиб Эракот, як мансабдори воломақоми Фаластин, баъди мулоқот эълом дошт, ки Митчелл дар музокирот бо Нетаняҳу ба лағви тасмими ҳукумати Исроил барои бунёди манозили нав дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии руди Урдун муваффақ нашудааст. Қатъи бунёди манзилҳои нав дар ин маҳаллаҳо – шартест, ки Фаластин барои эҳёи музокирот бо Исроил пеш гузоштааст. Исроил идомаи бунёди хонаҳои нав дар қаламрави ишғолиро бо афзоиши аҳолӣ дар маҳаллаҳои яҳудинишин бастагӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG