Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод:Эрон ба силоҳи ҳастаӣ зарурат надорад


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Эрон гуфт, кишвараш ба таслиҳоти ҳастаӣ зарурат надорад. Дар мусоҳиба бо як телевизиони амрикоӣ Аҳмадинажод аммо дар оянда даст ба чунин таслиҳот ёфтани Эрон сароҳатан сарфи назар накард.
Ин изҳорот чанд ҳафта қабл аз шурӯъи музокироти Эрон бо гурӯҳи “5 ҷамъи 1” бар сари барномаҳои ҳастаии Теҳрон садо дод. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин ҳафта гуфт, ки Эрон бояд дар нишасти рӯзи 1 октябр ба нигарониҳои бархоста бар сари ин барномаҳояш посух бидиҳад. Бо ин ҳол, дирӯз Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ бо тардиди ахбори нашршуда дар матбуот гуфт, далоиле барномаҳои махфии ҳастаиро дунбол кардани Эронро дар даст надорад.
XS
SM
MD
LG