Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен дар бораи Русия суханронӣ хоҳад кард


Дабири кулли паймони низомии НАТО имрӯз роҷеъ ба дурнамои равобити ин паймон бо Русия суханронӣ хоҳад кард. Ин маърӯза “НАТО ва Русия: Оғози нав” ном дошта, нахустин паёми сиёсии густурдаи Андерс фог Расмуссен баъд аз нишастанаш ба курсии дабири кулл дар моҳи август мебошад.
Расмуссен дар ҳафтаҳои ахир чандин бор хостори равобити наздиктари стротежӣ бо Русия шуда буд. Муносиботи ин паймони низомӣ бо Маскав баъд аз ҷанги кӯтоҳи як сол пеши Русия бо Гурҷистон ба сардӣ гароид. Аммо дар ин авохир равобит миёни онон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
XS
SM
MD
LG