Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории хунин дар шаҳри Кобул


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон шаш сарбози итолиёӣ ва даҳ ғайринизомии афғон кушта шудаанд. Вазорати дифоъи Итолиё гуфт, бар асари ҳамла, ки ҳадафаш мошини сарбозони итолиёӣ дар ҳайъати Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон будаанд, ҳамчунин се сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Афғонистон пеш аз ин гуфтанд, ки дар ҳамла танҳо се ғайринизомии афғон ҷон доданд. Як сухангӯи Толибон, масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда гирифт, ки дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи Кобул ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG