Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди нозирони ИА аз интихоботи Афғонистон


Иттиҳодияи Аврупо бар ин бовар аст, ки дар интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурии Афғонистон шояд дастикам 1,5 миллион раъй мавриди тақаллуб қарор гирифта бошад. Филипп Мориллон, раҳбари ҳайъати нозирони ИА ҳар навъ эълони пирӯзӣ дар интихоботи Афғонистонро “бармаҳал” номид ва аз мақомоти Кобул хост, мавридҳои фаровони тақаллубро таҳқиқ кунанд. Ситоди раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки дирӯз барандаи интихобот эълон шуд, изҳороти нозирони аврупоиро “бемасъулиятона” хондааст.
Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дирӯз эълон кард, ки Карзай бо касби 54,6 дарсади оро пирӯзии худро алакай дар даври аввал таъмин мекунад. Аммо ин натоиҷи эълоншуда баъд аз таҳқиқи ҳама шикоёт аз сӯи як ниҳоди масъули расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ ниҳоӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG