Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷор дар Грозний шаш кас маҷрӯҳ шуданд


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Грознии Чеченистон дасти кам шаш нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, ду тани маҷруҳон корманди милисаанд ва вазъи якеи онҳо басо сангин аст. Дар ин таркиш чаҳор сокини осоишта ҳам захмӣ шуданд. Гуфта мешавад, ки як зани маргталаб маводи таркандаро дар назди мошини милиса дар маркази шаҳр инфиҷор кардааст. Тафсилоти ҳодиса мушаххас мешавад.
XS
SM
MD
LG