Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди СММ аз шеваи амалиёти Исроил дар Ғаза


Гузориши мустанади СММ мегӯяд, Исроил дар ҷараёни амалиёти 8 моҳи пешаш дар навори Ғаза аз нирӯи ғайримутаносиб истифода бурда, қонунҳои байналмилалии башариро зери по кардааст. Гузоришгари СММ Ричард Голдстоун ба хабарнигорон гуфт, пажӯҳиши мустанади онҳо ба натиҷае расид, ки “ нирӯҳои дифоъии Исроил ба иқдомоте даст задаанд, ки мусодифи ҷиноёти ҷангӣ ва дар бархе маворид, мусодифи ҷиноёти алайҳи башариятанд.”
Гузориш шавоҳидеро меорад, ки нирӯҳои Исроил қасдан ба афроди ғайринизомӣ ҳамла оварда, дар иттихози иқдомот ба манзури ҳаддалмумкин коҳиш додани талафоти мардуми ғайринизомӣ саҳлангорӣ кардаанд. Дар гузориш шавоҳиде ҳам омада, ки ба нақзи фаровони муқаррароти Паймони Женева аз сӯи нирӯҳои Исроил ишора мекунад.
Исроил билофосила ин гузоришро якҷониба хонда маҳкум кард ва гуфт, ки он ҳазорон ҳамлаҳои мушакии бо дасти гурӯҳи Ҳамос анҷомшударо сарфи назар мекунад.
XS
SM
MD
LG