Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе барои пойгоҳи Русия 300 миллион $ мехоҳад?


Матбуоти хориҷӣ, аз ҷумла Бӣ Бӣ Сӣ, аз қавли манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон менависанд, ки Душанбе мехоҳад шеваи ҳамкориҳои низомиаш бо Русияро бознигарӣ карда, дар баҳои истифодаи қаламраваш аз пойгоҳи низомии Русия пули иҷора талаб кунад. Ба навиштаи Бӣ Бӣ Сӣ, Тоҷикистон аз Русия барои ин пойгоҳи низомӣ солона 300 миллион доллар пули иҷора хостааст.
Масъалаи вуруди тағйирот ба матни созишномаи 5 сол пеши миёни Тоҷикистону Русия, ки шароити ҳузур ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро таъйин мекунад, рӯзи ҷумъаи гузашта зимни сафари вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков ба Душанбе баррасӣ шудааст. Вале дар бораи натоиҷи ин сафар хабари расмие то ҳол нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG