Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ҷиддии ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон


Ҳаҷми содироти фаровардаҳои Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 55 дарсад коҳиш ёфтааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, имсол содироти мол 552 миллион долларро ташкил дод,ки назар ба 1 миллиарди соли қаблӣ 450 миллион доллар камтар аст. Гуфта мешавад, иллати аслии чунин коҳиш пойин рафтани талабот ба пахтаву алюминий – ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонист. Содироти алюминий аз ҷумла имсол беш аз 45 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.
Ҷамъи табодули молу колои Тоҷикистон бо хориҷ дар 8 моҳи соли ҷорӣ чизе бештар аз 2 миллиард долларро ташкил додааст, ки назар ба соли гузашта 69 дарсад, ваё наздики 1 миллиард доллар камтар будааст.
XS
SM
MD
LG