Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Magna 10 ҳазор корманди Opel-ро ихтисор мекунад


Ширкати канадагии Magna, ки ҳамроҳ бо «Сбербанк»-и Русия ва тибқи созиши пешакӣ бо General Motors ширкати мошинсозии Opel-ро харидорӣ кардааст, дар бораи ихтисори 10 ҳазор ҷойи кор хабар дод. Ин тақрибан аз панҷ як ҳиссаи кормандони феълии Opel аст. Гуфта мешавад, ки тақрибан нисфи кормандони ихтисоршуда аз корхонаи Opel дар Олмон хоҳанд буд. Раиси "Сбербанк" Герман Греф рӯзи душанбе изҳор намуд, ки ҳукумати Русия баъд аз имзои созиш болои ширкати Opel таъсири мустақим нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG