Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Барадеӣ курсии раҳбари МАГАТЭ-ро тарк мекунад


Дар Вена, пойтахти Австрия, конфаронси кулли Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) ифтитоҳ шуд. Мавзӯъи асосии нишаст – таъини раҳбари нави Оҷонс аст. Қарор аст Муҳаммад Ал-Барадеиро, ки тайи 12 сол сарварии МАГАТЭ-ро бар ӯҳда дошт, дар ин мақом Юкия Амано иваз кунад. Шӯрои мудирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ моҳи июл ин дипломати Ҷопонро раиси нави МАГАТЭ интихоб карда буд. Аз ин пеш Юкия Амано намояндаи доимии Ҷопон дар назди созмонҳои байнулмилалӣ дар Вена буд. Конфаронси МАГАТЭ дар Вена як ҳафта идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG