Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як сарбози бритониёвӣ дар Ҳилманд


Дар ҷануби Афғонистон боз як сарбози бритониёвӣ кушта шуд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Бритониё, сарбоз ҳангоми гаштзанӣ дар вилояти Ҳилманд ба ҳалокат расидааст. Аз оғози амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар соли 2001 дар ин кишвар 214 низомӣ аз Бритониё ҷон бохтаанд.
Ду моҳи тобистони гузашта барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон, аз ҷумла, низомиёни бритониёвӣ, пурфоҷиатарин давра маҳсуб мешавад – дар ин муддат, аз ҷумла, бар асари задухурдҳои шадид дар Ҳилманд, даҳҳо тан аз сарбозони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG