Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 4 ҷангӣ дар Вазиристони шимолӣ


Хабарҳои расида аз Покистон аз қавли мақомоти он кишвар мегӯянд, бар асари ҳамлаи мушакие, ки зоҳиран тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико анҷом шудааст, дастикам 4 ҷангӣ дар минтақаи қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони шимолӣ кушта шудаанд. Мақомот ва сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, мушак зоҳиран мошинеро, ки ҷангиён истифода мебурданд, ба ҳадаф дошт. Гузоришҳо мегӯянд, ҷангиёни мазкур хориҷӣ будаанд.
Дар моҳи август дар минтақаи ҳамҷавори Вазиристони ҷанубӣ дар натиҷаи чунин як ҳамлаи мушакӣ раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд кушта шуд. Чунин ҳамлаҳои мушакии Амрико то кунун даҳҳо ҷангиро кушта ба ҷо гузоштаанд, вале давлати Покистон иҷрои чунин ҳамлаҳоро ҳамчун нақзи истиқлолияти кишвари худ интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG