Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар як дармонгоҳи Қазоқистон


Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, бар асари оташ гирифтани як дармонгоҳи мӯътодони маводи мухаддир дар кишвар 38 нафар ҳалок шуданд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон гуфт, бинои шифохонаи шаҳри ҷанубушарқии Талдиқӯрғон субҳи ҳамин рӯз оташ гирифтааст ва коркунони шифохона тавонистаанд, 40 нафарро аз он берун кунанд. Бино ба гузоришҳо, иллатҳои оташ гирифтани дармонгоҳ ҳанӯз маълум нест, вале ҳукумати Қазоқистон дастур додааст, то кумиссиёни махсусе ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG